НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК!

 19.03.2022

Таманниёти наврӯзии Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо – устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои иқдомҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нави аҷдодӣ барои Шумо рӯзгори осудаву рӯҳи болида ва барои кишвари азизамон соли неку бобарор орзу менамоям.

Воқеан, бо фаро расидани Наврӯзи ҳуҷастапай ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодию фараҳ арзонӣ мешавад. Ва инак, боз ба сарзамини офтобиамон Наврӯз, ҷашни бостониву файзбахши фасли баҳор қадам ниҳод.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки “Мо ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст”.

Ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо – мардуми орёитабор муждаи фараҳбахшест. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯйи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст.

Дар байни ниёгонамон расм шуда буд, ки дар айёми Наврӯз хусумату кинаҳоро аз дилҳо берун месохтанд, дасти нотавонону дармондагонро мегирифтанд, ба онҳо дасти ёрӣ мерасониданд.

Аз ин рӯ, ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав, фасли нави нозанин, эҳёи табиат, махсусан замин аст, мардуми мо манзилу кошона, кӯчаву хиёбонҳоро тозаю бо ниҳолшинонӣ обод мекунанд, зеро файзу баракат дар тозагию озодагӣ мебошад.

Махсусан, ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинонидани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон аз ҷумлаи анъаноти нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.

Имрӯз фурсате расидааст, ки мову Шумо барои рушди устувори иқтисодиёт, ободии мамлакат, амнияти пойдор, зиндагии шоиста ва ҷомеаи тараққикардаю мутамаддин ҳамарӯза софдилона ва фидокорона меҳнат намоем.

Итминони комил дорам, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ Наврӯзи хуҷастапайро бо дастовардҳои назаррас ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” таҷлил намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳмгузор хоҳанд буд.

Дар ин айёми хушу фараҳбор орзумандам, ки Наврӯзи фархунда имсолу солиёни дигар ба мулки зебои мо нишоту шодмонӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтӣ ва сулҳу ваҳдатро чун ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ ато намояд.

Наврӯзи фархундапай хуҷаста бод!


Back to list