Мулоқот бо ҳайати Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин

 29.03.2022

28-уми марти соли 2022 мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо ҳайати Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид.

Ҳайати Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин иборат аз аъзои раёсати донишгоҳи болозикр Ма Лянси ва декани факултети сохтмон Ван Вэннан бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. доир ба бунёди аввалин устохонаи ба номи Лу Бан дар Осиёи Миёна суҳбат анҷом дода, раванди татбиқи лоиҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои тақвият додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list