ЧОРАҲО БАҲРИ ТАҚВИЯТ ДОДАНИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

 01.04.2022

30-юми марти соли равон баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2020, таҳти №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» дар факултетҳои Нақлиёт ва Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври алоҳидагӣ чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия – Абдулло М.А., муовини ректори донишгоҳ оид ба равобити байналмилалӣ – Саъдуллозода Ш.С., сардори раёсати илм ва инноватсия – Раҳмонзода А.Ҷ. ва дигар масъулон ширкат доштанд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баррасӣ ва шарҳи Барномаи давлатии мақсадноки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025 байни ҳайати профессорон ва устодони донишгоҳ буд. Зимни баргузории чорабинӣ оид ба малигардонии барномаи мазкур устодон бо пешниҳодоти ҷолиб баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри истифодаи таҷрибаҳо ва пешниҳодоти устодон донишгоҳ дорои тамоми имкониятҳо ва базаи моддию техникӣ аст.

Дар назар аст, ки аз ҷониби факултетҳо дар доираи барномаи мазкур олимпиадаву семинар ва конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мегардад.

Ин иқдом дар дигар факултетҳои донишгоҳ давом дорад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list