Рӯзи 1-уми апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии донишҷӯёни хатмкунандаи кафедраҳои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ, технологияи мошинсозӣ, иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, электротаъминкунӣ, ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрӣ ва мошинҳои электрии донишгоҳ бо намояндагии ҶСК “Сементи тоҷик” баргузор гардид. Дар чорабинӣ се нафар намояндагони ҶСК “Сементи тоҷик” бо роҳбарии Наимов Н.К. – сардори шуъбаи кадрҳои ҶСК “Сементи тоҷик” иштирок намуданд.
Мақсад аз вохӯрӣ муаррифии корхона ва ҷалби мутахассисони ҷавон барои фаъолияти ояндаи корӣ иборат буд.
Дар охири суҳбати ошкоро саволу ҷавоби байни донишҷӯён ва намояндагони истеҳсолот баргузор шуд, ки ҳамагон ба саволҳои худ посухи қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.