Санаи 4-уми апрели соли равон ҳайати Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петербург ба номи В.И. Улянов ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд.
Зимни ташрифи ҳайати меҳмонон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петербург ба номи В.И. Улянов Минина Анастасия Андреевна мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯёни зинаи бакалавриат, магистратура ва аспирантура, баргузории олимпиадаҳои тахассусӣ ва имконияти давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо вобаста ба муҳимияти нигоҳдошти муносибатҳои судманд мавқеи якхела иброз намуда, ба масъалаи бастани шартномаи ҳамкорӣ аҳамияти махсус доданд.
Тасмим гирифта шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳои судманд ҷоннок карда шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.