МУБОРАКБОДИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

 05.04.2022

Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №101/д.и. аз 4-уми апрели соли 2022 ба мудири кафедраи асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Ҳасанов Нуралӣ Маметович дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ дода шуд. Инчунин бо фармоиши мазкур ба мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос дода шуд ва ҳамин тавр бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №102/д.и. аз 4-уми апрели соли 2022 ба муовини декан оид ба таълими факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Ҷовиди Ҷамшед дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дода шуд.

Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №100/уи. аз 4-уми апрели соли 2022 ба Иброҳимов Насимҷон Файзуллоевич унвони илмии дотсент дода шуд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавонро бо ин дастовард муборакбод намуда, дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти меҳнатӣ муваффақият таманно менамояд.

 
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_илм #TTU_сохтмон #TTU_2022

#TTU #TTU_international #TTU_2022


Back to list