Моҳи шарифи Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумак ба ниёзмандон низ ҳаст.
Садақаи Фитрро яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаббат ҳисобидан мумкин аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии хеш ба муносибати Иди саиди Фитр иброз доштанд, раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.
Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат намояндагони Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар диданд, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари кӯмакҳои гуногун, инчунин ба 20 оилаи ниёзманд 700 сомонӣ ба ҳар як оила аз ҳисоби фитри рӯзаи ҳайати омӯзгорон ёрии молиявӣ расонида шуд.
Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ минбаъд низ дар самти дастгирии тақвият ниёзманди ҷомеа чораҷӯӣ карда, чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.