ИФТИХОРИ МО!

 22.04.2022

Донишҷӯйи курси 1-уми факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатқадамова Моҳҷабин дар озмуни илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷӯй ва пешрафти илмию техникӣ», ки бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф иштирок карда, дар бахши техникӣ ва инноватсия сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Дар ин хусус, рӯзи 21-уми апрели соли рнавон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ба Давлатқадамова Моҳҷабин диплом ва тӯҳфаҳои кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.
 
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list