КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ"

 27.04.2022

Имрӯз - 27.04.2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи ҷумҳуриявии VII илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрон ва унвонҷӯён таҳти унвони "Илм - асоси рушди инноватсионӣ" баргузор гардид.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ бо баромади табрикотии худ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан Абдулло М.А. - муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, Муҳамадиев У.М. - докторанти факултети Сохтмон ва меъморӣ, Хушқадамова О. - донишҷӯйи курси 3-юми факултети Технологияҳои инноватсионӣ бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар кори конференсияи имрӯза намояндагони ҲХДТ - муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷ. ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт - Гулаҳмадзода З. низ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар охири ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" муаррифӣ гардиданд. Дар ин робита ба ба ғолибони озмунҳо ифтихорномаву туҳфаҳои донишгоҳӣ ва КИҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

Кори конференсия дар 6 бахши дигар давоми имрӯз ва пагоҳ - 28.04.2022 давом мекунад.

IMG_1781IMG_1820IMG_1862IMG_1864IMG_1875IMG_1877IMG_1938IMG_1910IMG_1939IMG_1954IMG_1960IMG_1970IMG_2062IMG_2022IMG_2083IMG_2081IMG_2084IMG_2126IMG_2116

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list