Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҷриба ва саҳми Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон»

 29.04.2022

28-уми апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ини Сино бо иштироки роҳбарон ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Бонки ҷаҳонӣ конференсия дар мавзӯи “Таҷриба ва саҳми Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Инчунин, дар чорабинӣ намояндагони донишгоҳҳои минтақаҳои кишвар (ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд) ба таври онлайн ширкат варзиданд.

Конференсия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва аҳли ҷомеа аз таҷриба ва дастовардҳои Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини вазири маориф ва илми ҶТ Абдухолиқзода Л.А. ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ Саидзода Ҳ.А., иштирок намуданд.
Дар конфронс масъалаҳо оид ба саҳми барномаи грантҳои озмунӣ дар рушди институтсионалии муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ, арзёбии сифати таҳсилоти олӣ, такмили барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии духтарон барои гирифтани маълумоти олии касбӣ, саҳми лоиҳа дар рушди соҳаи тиб, саҳми лоиҳа дар рушди техника ва технология, саҳми лоиҳа дар рушди бахши молиявӣ ва иқтисод, саҳми лоиҳа ба рушди саноати металлургӣ дар Тоҷикистон ва саҳми лоиҳа дар омодасозии хатмкунандагони ихтисоси иқтисодӣ барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат, баррасӣ гардиданд. Доир ба масъалаҳои зикргардида Исмоилов И.Ш. ҳамоҳангсози барномаҳои грантии Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ, Собирҷонов Алишер – мудири кафедраи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Карабоев Бахтовар – аъзои гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми ҶТ , Анварова Гульнора – сардори Маркази дарёфти грантҳо ва лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Маҳмудзода Хайём - директори Маркази рушди стратегӣ ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Мамадамон Абдулло – муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Сафаров Бахром – муовини ректор Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Умарджонов Абдусафо –муовини ректори Донишкадаи кӯҳи металлургии Тоҷикистон ва Аминов Иномҷон - мушовир оид ба лоиҳаҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баромад карданд. Дар рафти муаррифӣ маърузачиён ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посух доданд.
Конфронсро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л.А., ҷаъмбаст намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олии касбӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, тавассути татбиқи 21 лоиҳаи хурди грантӣ зиёда аз 3400 нафар ҷавонписарон ва духтарон аз рӯи 33 ихтисос курсҳои касбомӯзиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, дар доираи татбиқи 49 лоиҳаи грантии барномаи грантҳои озмунӣ барномаҳои таҳсилоти аз рӯи 76 ихтисос аз на таҷдид ва такмил дода шуданд. Инчунин, такмили 305 барномаи таълимии фаннӣ анҷом дода, зиёда аз 2800 омӯзгор малакаву маҳорати худро тавассути семинару тренингҳо такмил доданд. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи грантӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ, ки ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон равона гардидаанд, ба зиёда аз 3822 нафар донишҷӯдухтарон хизматрасониҳои махсуси таълимӣ ва дастгирӣ барои рушди малакаҳои иловагӣ, рушди шахсии донишҷӯдухтарон ва беҳбудии шароити таълиму зиндагии онҳо расонида шуданд. Дар доираи лоиҳаҳои грантӣ донишгоҳҳо ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ мебел ва таҷҳизоти таълимӣ харидорӣ намуда, лабораторияву синфхонаҳои худро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намуданд. Илова бар ин, як қисми донишгоҳҳо бо маблағгузории лоиҳаҳои грантӣ лабораторияҳо ва кабинетҳои таълимиро таъмиру тармим намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимӣ, баргузор намудани семинарҳо ва дарсҳои амалӣ бо 64 донишгоҳи хориҷӣ аз 26 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбии мустақили байналмилалӣ тамоми лоиҳаи грантии Лоиҳаи мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.
Дар сатҳи низоми соҳа чорабиниҳо вобаста ба такмили системаи таъмини сифат, ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти олӣ ва арзёбии сатҳи маблағгузории системаи таҳсилоти олӣ мариди амал қарор дода шуданд. Дар баробари корҳое, ки то имрӯз дар доираи Лоиҳа анҷом дода шудаанд, дар доираи чорабиниҳои нав корҳо ҷиҳати бо таҷҳизоти иттилоотию лабораторӣ таъмин намудани донишгоҳҳо идома доранд, ки бояд то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида шавад.
279226953_7788510674507260_7987932631418084184_n279252303_7788509481174046_3976261906436227132_n279276370_7788508197840841_8760725225607282336_n279177713_7788509021174092_2781762424507532402_n279259174_7788508491174145_5792124312502379176_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list