ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

 03.05.2022

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманди донишгоҳ Қаюмов Маҳмадзоир Маҳмараҷабович дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D070400 «Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ» дода шуд.
Ба олими ҷавон ва корманди масъулиятшиноси донишгоҳ дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти меҳнатӣ муваффақият таманно мекунем.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list