Вохӯрӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 03.05.2022

29-уми апрели соли 2022 дар толори маркази таълимии инноватсионӣ вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Миралӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Сатторова М. ва донишҷӯён иштирок карданд.

Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Миралӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар, пешгирии радикализми динӣ, хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи омӯзиши илму таҳаммулпазирӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
279522777_7800898163268511_7948598225134800992_n279531907_7800897973268530_5836453268064936090_n279299194_7800895713268756_8284909942197259453_n279485187_7800897793268548_8361101101682990336_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list