РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКБОД МЕГӮЯД

 03.06.2021

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ МАҲМАДИЗОДА Муродалӣ Маҳмадиро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Маҳмадизода М.М. дар мавзӯи “Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои алюминийи саноатии АК12, АК12М2, АК1, АК1М2 бо иловаи металлҳои ишқорзамин ва нодирзамин” рӯзи 3-юми июни соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рисолаи илмии худро аз рӯйи ихтисоси 05.16.09-Масолеҳшиносӣ (дар мошинсозӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.

Раёсати донишгоҳ.


Back to list