Дар аксияи эҷодӣ устодон ва донишҷӯёни кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозӣ иштирок карда, манзараҳои зебои ҳудуди майдони 800-солагии Москва ва Боғи Куруши Кабирро тасвир карданд.
Дар рафти аксияи эҷодӣ устоди кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Бобомуродов Муҳаммад ба донишҷӯён оид ба тарҳ, намуд ва унсурҳои меъмории муҳити боғ ва майдон маълумот дода, бо онҳо дарсҳои амалӣ баргузор намуданд.