Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар озмуни «Наврас ва технологияи муосир», ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида буд, иштирок иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, Давлатқадамова Моҳҷабин ва Қурбонов Икром барои ғолибият ва иштироки фаъолона дар озмуни «Наврас ва технологияи муосир» бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард шуданд.
Мавриди зикр аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ пайваста дар чорабиниҳои сатҳи гуногун иштирок мекунанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.