Баррасии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 19.05.2022

19-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ширкатҳои хусусӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ натиҷаи нишастҳои қаблиро пурра баррасӣ карда, бо дарназардошти навгониҳо дар соҳаи нақлиёти барқӣ ба лоиҳаи ҳуҷҷат иловаҳои нав ворид намуда, нишондиҳандаҳои гуногун, аз ҷумла имкониятҳои молиявӣ ва таъминоти техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
281288886_7884937771531216_3950434688611860757_n 280764716_7884937401531253_3770155232966912316_n 281582260_7884936261531367_4802071106593749685_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list