Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_hilp0o1mcrn1bvvm0iremcch82): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_vl94gvhlua8llfgb1ettbh05l0 in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_vl94gvhlua8llfgb1ettbh05l0): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20 Табрикоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Мавриди зикр аст, ки кор бо ҷавонон ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҳамчун Роҳбари давлат ба фаъолият оғоз намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.
Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар нахустин мулоқотҳо бо ҷавонони кишвар иброз дошта буданд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.