Ҷаласаи машваратӣ оид ба оғози озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»

 26.05.2022

25-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷаласаи машваратӣ оид ба оғози озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода Аҳмадҷон, мудирони кафедра ва устодони донишгоҳ иштирок доштанд.
Сараввал вобаста ба мавзӯи машварат сардори раёсати илм ва инноватсия баромада карда, ба ҳозирин вобаста ба тартиби баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» маълумот доданд.
Сипас иштирокчиёни ҷаласаи машваратӣ роҷеъ ба масъалаи дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» фикрҳои худро баён намуданд.
281735741_7918763114815348_2494849945285049243_n282182529_7918764521481874_1971135485214097809_n281404845_7918763724815287_3169432510421188720_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list