25-уми майи соли 2022 хонандагони синфҳои 7, 9 ва 11-и Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи барномаи дарсии фанни таърих ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафтанд. Дарси мазкур ҳамчун дарси саёҳатӣ бевосита дар дохили қалъа баргузор гардида, устодон доир ба қаҳрамониҳои бемисли миллати тоҷик дар солҳои тӯлонии таърихӣ баҳри пойдории забону миллат ва нангу номус маълумоти кофӣ доданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.