Тамошои дастаҷамъонаи филми «Шикасти фитна»

 31.05.2022

28-уми майи соли ҷорӣ донишҷӯён ва устодони ҳамаи факултетҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ филми «Шикасти фитна»-ро тамошо карданд.
Филми мазкур мавзӯи воқеаҳои моҳи май дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардидаро фаро мегирад. Дар филм бо далелҳои шайъӣ амалҳои ғайриқонунии афроди ба ҳамагон маълум нишон дода шуданд.
Пас аз тамошои филм масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон доир ба мавзӯи филм бо устодон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list