Иштироки ҳайати донишгоҳ дар семинари «Бехатарии ҳаракати роҳ бо ҷонибҳои манфиатдор»

 31.05.2022

30-юми майи соли 2022 ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иборат аз мудирон ва устодони кафедраҳои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ва сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ дар семинари «Бехатарии ҳаракати роҳ бо ҷонибҳои манфиатдор» иштирок намуданд.
Семинар дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил ва баргузор гардид.
284556960_7948691745155818_6580895572537507010_n  282759304_7948691498489176_840100877879058484_n  285432034_7948691135155879_6094274316846025572_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list