10-уми июни соли 2022 дар Дорнишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи нақшаи чорабинии суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба тарғби фарҳанги техникӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, саноатикунонии босуръати кишвар бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии судманд баргузор гардид.
Чорабиниро Раҳмонзода А.Ҷ. - сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан Иброҳимов Х.И. - доктори илмҳои техникӣ, декани факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Файзуллозода Э.Ф. - номзади илмҳои химия, декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ бо саволҳо сершумори худ ба маърӯзакунандагон муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.