Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 20.06.2022

16-уми июни соли 2022 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Агентии федералии «Россотрудничество», роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ карданд.
Мутобиқи барномаи ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои фаъолияти Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тасдиқ кардани барномаҳои муштараки таълимӣ, қабули аъзоёни нав ба донишгоҳи шабакавӣ ва нақшаи солонаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Модератори ҷаласа Президенти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия Филиппов Владимир Михайлович саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дар рушди маориф ва илм назаррас арзёбӣ карда, дар ин росто ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муҳандисӣ-техникӣ, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду созишнома: Созишнома оид ба омодакунии муштараки магистрҳо аз рӯйи равияи «Истифодабарии мошин ва комплексҳои нақлиётӣ-технологӣ» (экспертиза ва баҳодиҳӣ дар хизматрасонии автомобилӣ) ва Созишнома оид ба омодакунии муштараки магистрҳо аз рӯйи равияи «Истифодабарии мошин ва комплексҳои нақлиётӣ-технологӣ» (истифодабарии воситаҳои нақлиётӣ) ба имзо расонида шуд.
286890824_8026077910750534_2048445263341568605_n_1287537507_8026077037417288_5666713211615618919_n_1
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Back to list