Табрикоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 28.06.2022

Устодону донишҷӯён, ҳамватанони азиз!

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ тамоми кӯшишҳои мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, муҳимияти ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвари мо қарор дошт.

Таъмини сулҳу субот ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи сулҳ бо арзиши бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор меистад.

Нақш ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ сутуданист. Ҳамаи дастовардҳое, ки мардуми сарбаланди тоҷик ноил гардид, аз Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтиром нисбатан ба якдигар сарчашма мегиранд, чун ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ободонии кишвар мебошанд.

Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва кулли кормандони ин маркази бузурги илму маърифат чун ҳамеша барои пойдории сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату дӯстӣ ва якдигарфаҳмиву якдилӣ кӯшиш ба харҷ дода, сиёсати созандаву сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва татбиқ менамоянд.

Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳамчун ватандору ватандӯст дар замири худ эҳсоси наҷиби Ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем.

Бо камоли эҳтиром ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин рӯзи бузург ва фархунда табрик мегӯям ва ба хонадони кулли сокинони кишвар саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Иди ҳумоюни Ваҳдати миллӣ муборак!

#TTU #TTU_2022


Back to list