Ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис”-и ҲХДТ

 28.01.2023

Ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис”-и ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳмансур доир гардид.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Карримзода Нилуфар иштирок намуданд. Нахуст бо иштироки меҳмонон ҳуҷраи кории КИИ "Муҳандис", ки бо тарҳи муосир ва шароити зарурӣ омода гардида буд, ба истифода дода шуд. Дар ҷаласа нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар идома ҳисоботи раиси КИИ "Муҳандис" оид ба фаъолият дар соли 2022 баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъда Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ тасдиқ карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои олии ҳизб саҳми устодону донишҷӯён назаррас мебошад ва дар ин робита аз онҳо тақозо карда мешавад, ки бо дарки масъулият зиркаии сиёсии худро аз даст надода, баҳри ободиву пешрафти ватани азизи хеш талош варзанд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Back to list