Санаи 10 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрӣ бо иштироки ҳайати кормандону устодон ва сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор баргузор гардид.
Вохӯрии мазкурро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Маҳмадизода М.М. оғоз намуда меҳмонро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Зимни баромад Носирӣ Алишер Қаҳҳор вобаста ба нуқтаҳои асосии амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” оид ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта, омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда суханронӣ намуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад.