АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН” ВА “МАГИСТРАНТИ СОЛ”

 08.02.2024

Тибқи Низомномаи озмунҳои ҷумҳурявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ва “Магистранти сол” миёни донишҷӯён, магистрантон ва докторантон, барои дарёфт намудан ва муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи илму техника бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8-уми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ озмун гузаронида шуд. Озмун дар ду самт гузаронида шуда донишҷуён, магистрантон ва докторантони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда корҳои ихтироъкарда ва лоиҳаҳои илмии худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.


Back to list