ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 20.02.2024

Гузаронидани интернет-олимпиада барои мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстона байни донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои гуногун мусоидат намуда, имконияти табодули натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёнро фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудаанд. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат омӯзгорону кормандони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар солҳои охир якчанд чорабиниҳои илмӣ-амалиро баргузор намуда, дар самти омодасозии донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас доранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 -17 ноябри соли 2023 интернет-олимпиадаи байналмилалии фанни химия аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид. Дар ин олимпиада 9 нафар донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолона иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаи олимпиада 2 нафар донишҷӯи донишгоҳ сазовори дипломи дараҷаи III гардидаанд:
1) Табарзода Шарифбек – донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 480101-технологияи истеҳсолоти химиявӣ, факултети механикӣ ва технологӣ;
2) Латипов Ҳусайн - донишҷӯйи курси 1, гуруҳи 700201-сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, факултети сохтмон ва меъморӣ.
Олимпиада химия 1Олимпиада- химия 2

Back to list