Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» баргузор мешавад

 26.02.2024

 

 Аз 28 феврал то 20 март маротибаи аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» гузаронида мешавад.

Намоиш бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ташкил шуда, дар он мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои энергетика дар раванди гузариш тавассути технологияҳои иттилоотӣ, энергияи тавлидшаванда, самаранокии энергетикӣ (бахши сохтмон, саноат, нақлиёт) ва рушди устувор пешниҳод мегарданд.

Давоми солҳои 2022-2023 чунин намоиш дар Миср, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Уммон ва Тунис баргузор шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд намоишгоҳро рӯзҳои аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 ва рӯзи шанбе аз соати 8:00 то соати 14:00 тамошо намоянд.

Тамошои намоишгоҳ ройгон буда, сабти пешакӣ талаб намешавад. Барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ маводи иловагӣ дастрас мешавад.

https://khovar.tj/2024/02/dar-donishgo-i-tehnikii-to-ikiston-namoishi-energetika-dar-davrai-guzarish-ravonbahshi-fardo-barguzor-meshavad/?fbclid=IwAR2s9V8A41l3FMsmIVwu1HPRQJpvJHfB2Wy665hFZF3zHvsQbgcswabIClc


Back to list