Санаи 26 марти соли 2024 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии устодон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва магистрантон дар мавзуи "Меъморӣ ва шаҳрсозии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмию-тадқиқотии сохтмон ва меъмории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлати Пажуҳишгоҳи илмию-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ “Душанбешаҳрсоз” ширкат варзида, дар бораи фаъолияти ташкилотҳояшон ва саҳми худ барои рушди меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар конференсия мавзӯъҳои доктори меъморӣ, профессори кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот Ҳасанов Н.Н. дар мавзуи “Проблемаҳои муосири шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва номзади меъморӣ дотсенти кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Мирзоева Ф.З. дар мавзуи “Перспективы развития культурно-исторических рекреационных территорий современного градостроительства”, пешниҳод гардид.
Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 100 адад мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст. Мақолаҳо дар 4 бахши конференсия баррасӣ мегарданд, аз ҷумла, “Масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ”, “Конструксияҳои сохтмонӣ, биноҳо ва иншоот”, “Масолеҳи меъморӣ ва сохтмонӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дигар захираҳои табиӣ”, “Энергетика ва илмҳои техникӣ (нақлиёт ва мошинсозӣ)”. Дар маводи конференсия натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалии олимону муҳаққиқон, мутахассисон ва унвонҷӯён гирд оварда шудаанд.