Санаи 24.04.2024 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар "Кохи Суруш" маросими қадрдонии ғолибони Озмуни "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали Озмуни мазкур дар донишгоҳ санаи 08.02.2024 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён баргузор гардида ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Даври дуюм бошад дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хушбахтона дар даври дуюм як қатор намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ дар даври дуюм иштирокчиён аз донишгоҳи мо ҷойҳои зеринро ишғол намуданд:
Ҷойи якум
Ҷойи дуюм
Ҳамчунин ду нафар омӯзгорони донишгоҳ Насриддинов Абубакр Саидқулович – мудири кафедраи физика ва Зоиров Ҳусайн Абдураҳмонович – дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ барои саҳм гузоштанашон дар баргузории Озмун бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон барои саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди илми тоҷик Ғафурзода Ҷалолиддин Садриддин – мудири кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, Назаров Акбар Шарифович – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот бо нишони аълочии маориф ва Мамурова Гулрухсор Қодировна омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дастоварди навбатии илмии донишҷӯёну устодонамонро ба кулли кормандони донишгоҳ муборакбод менамоем.