ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

 29.04.2024

26 –уми апрел ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз тарафи ректори донишгоҳ, профессор Қудрат Давлатзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд. Инчунин, ректори донишгоҳ ба ғолибон барои иштироки муваффақона дар даврҳои минбаъда маслиҳатҳои муфид дод.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯйи ҳафт номинатсия рӯзҳои 15-17 апрели соли равон дар донишгоҳ баргузор гардида, дар он зиёда аз 350 нафар донишҷӯёну унвонҷӯён ва омӯзгорон ширкат варзиданд ва аз рӯйи ҳафт номинатсия 48 нафар соҳиби роҳхат ба даври ноҳиявии озмуни мазкур гардиданд.
Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар даврҳои минбаъда ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно менамояд.

Back to list