КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ ВА ИНФРАСОХТОРИ РОҲ

 29.04.2024

29 апрели соли равон дар факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, кафедраи ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои мукаммалдиҳии конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ ба эълон гардидани солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва саноатикунонии босуръати кишвар бахшида шуд. Аз тарафи олимону унвонҷӯён ва докторантони PhD зиёда аз 70 мақолаи илмӣ аз рӯйи 5 бахш “Назария, ва ҳисоби амалияи истифодабарии мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ”, “Технологияи таҷҳизоти истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ ва сохтмонию роҳсозӣ ва маснуот”, “Проблемаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли он ҳангоми истеҳсоли корҳои сохтмонӣ”, “Проблемаҳои рушди инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт”, “Проблемаҳои рушди инноватсионии иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар мошинсозӣ” пешниҳод гардид.
Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нишони рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, инчунин техникаю технология дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Дар замони муосир илм ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфта, мутахассисони баландихтисос ва аз илми замонавӣ огоҳ қувваи асосии истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз иқтидори неруи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илм ва технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.

Back to list