Имрӯз - 30-юми сентябр дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили адабӣ доир гардид. Маҳфил бо ташаббуси хадамоти ташкилию тарбиявӣ ва кафедраи забонҳои донишгоҳ баргузор карда шуд. Дар маҳфили адабӣ муовиши директори Институти забон ва адабиёти ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ - Муҳаммадиев Ш. иштирок ва сухаронӣ намуд.
Донишҷӯён чун шиносандагони асолати миллии тоҷик аз шеърҳои Мавлонои Балхӣ шеъру порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Боиси қайд аст, ки ҳамасола ин рӯзи муборак дар донишгоҳ бо ташкили семинару мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои адабӣ қайд карда мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.