Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур дар қатори беш аз 100 нафар намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии ҳизб, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони аҳли зиё, ҳунармандон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ – Давлатзода Қудрат Қамбар низ ширкат доштанд.
Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роғун», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ дар ин ҳамоиш дар мавзӯи “Татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд: нақши Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академи М.С. Осимӣ дар омодакунии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ” маърӯза карда, аҳамияти ин сохтмони бузурги аср ва аҳамияти онро дар ояндаи дури кишвар қайд намуд. Инчунин саҳми хатмкардагони донишгоҳ, ки бевосита дар сохтмони НБО-и Роғун фаъолият доранд ва оянда низ дар истифодабарии он чун мутахассисони варзида фаъолият менамоянд, гуфта гузашт.
Боиси зикр аст, ки иштирокдорони ҳамоиш аз ин сафари худ бо таассуроти ниҳоят баланд баргаштанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.
Маълумоти бештар дар http://hhdt-dushanbe.tj