МУЗАФФАРИЯТИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

 02.05.2026

#МУЖДАГОНӢ! МУЗАФФАРИЯТИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

Бо камоли хушнудӣ иттилоъ медиҳем, ки як зумра корманду донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" аз рӯи номинаҳои гуногун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 1 майи соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамбаст гардида, ғолибон ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври ноҳиявӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро як идда корманд ва донишҷӯён аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ - иҷрои сурудҳои академӣ, суннатӣ (эстрада ва фалак) ва номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн - рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ муаррифӣ намуда, бо гирифтани як ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Раёсат ва иттифоқи касабаи муттаҳидаи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибонро ҷиҳати роҳ ёфтан ба даври шаҳрӣ табрику муборакбод намуда, ба эшон дар даврҳои навбатӣ музаффариятҳо ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамояд.
 
 
686213877_1605879054874221_5810724143343026589_n684674689_1605878864874240_4404342522550059694_n684550968_1605879144874212_1916977519222155017_n684847572_1605878641540929_4102387322184643761_n688837204_1605879028207557_8673102141976755155_n
 
 

Back to list