ХУШХАБАР!
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо медали «20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай» қадрдонӣ карда шуданд.
Мукофоти мазкур зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф» аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба ректори донишгоҳ тақдим гардид.