РАМЗИ ИТТИҲОД ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ

 24.11.2021

Устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромии донишгоҳ, шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, ба хонадонатон баракату осоиш, ба чеҳраатон зебогию тароват ва ба ҷисматон тансиҳатӣ орзумандам.

Воқеан ҳам, барои мо – мардуми Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ Парчам маҳсуб меёбад. Он нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Парчами давлатӣ дар баробари дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша барои тоҷикистониён чун як рамзи муттаҳидоваранда ва роҳбалад хизмат мекунад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мавҷудияти равандҳои тезутунд, таҳмили андешаҳои мухталиф ва кӯшиши шустани мағзҳо далели он буда метавонад, ки ҳар лаҳза ҷавоне роҳи нодурустро интихобу пеша кунад. Вале мавҷудият ва пос доштани арзишҳои миллӣ, ба мисли Парчам чун рамзест, ки ҷавонони моро муттаҳиду ифтихорманд месозад. Хусусан донистани моҳияти парчамдориву парчамбардорӣ, таърихи эҳтиром ба Ливо ва муборизаи абармардони шуҷои таърих баҳри ҳифз ва нигаҳдошти он имрӯз ҷавонони моро тарбия менамояд ва заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллатамон ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ ва эҳтироми беандозаашон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ ҷавононро ба таври ҳамешагӣ талқин менамояд.

Хушбахтона, имрӯзҳо ҷавонони бонангу бономус ва бедордилу ҳушманд кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагӣ ва фаъолияти худ қарор дода, пайваста дар рушду ободии Ватани азизамон бо қадамҳои устувор саҳм мегузоранд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».

Хурсандибахш аст, ки ҷавонони мо имрӯз на танҳо тавассути варзиш, балки бо донишу хиради хеш низ Парчами давлатамонро дар сатҳи ҷаҳон боло мебардоранд. Мегӯянд, ки Парчам қудрати муттаҳидсозӣ дорад.

Ҳамин Парчами давлатӣ аст, ки мо ҳама сарҷамъему зиндагии осоишта дорем. Ин рамз дар ниҳоди хеш қудратеро дорост, ки ҳеҷ як чизи дигар онро доро буда наметавонад.

Дар воқеъ, Парчам қудрати муттаҳиднамоии қавм ва миллатеро дар худ дорост. Агар он чунин тавоноиро намедошт, пас имрӯз тамоми миллатҳои дунё пароканда буданду давлати хешро надоштанд. Мо миллати хушбахтем, ки чунин рамзи сулҳу ваҳдат ва осоиштагиро дороем. Имрӯз рисолати инсонии мову шумо он аст, ки ин рамзи пайвандгари дирӯзу имрӯзи миллатро ҳифз созем ва ба ояндагон мерос гузорем.

Тӯли 29 сол Парчами мо танҳо Парчами сулҳу оштӣ, оромию ободӣ, якдилию ҳамзистӣ, дӯст доштани ҳар зарра хоки Ватан, эҳтироми аҷдодон, роҳи рушду муваффақият буду мемонад. Парчами давлатии мо шодиеро ба миллати тоҷик эҳдо намуд. Гузашта аз ин, имрӯзҳо Парчами мо бо парафшонии худ дар берун аз кишвар ҳам сулҳу салоҳи Тоҷикистонро муаррифӣ месозад.

Маҳз туфайли талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, якпорчагии мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муяссар гардид.

Таърих гувоҳ аст, ки тамоми аркони давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии давлати муосири тоҷикон маҳз таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мушкилтарин ва ҳассостарин лаҳзаҳо бунёд ва такмил дода шуданд. Баъди ҳазорсолаҳо низ Конститутсия, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, артиш ва асъори миллӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам боқӣ хоҳанд монд.

Зиҳӣ Парчами давлатӣ!


Back to list