ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

 27.11.2021

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2021 вобаста ба таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, шарҳи бандҳои амалкунандаи қонунҳои миллӣ ва таблиғи дастовардҳои замони 30 соли соҳибистиқлолӣ имрӯз бо иштироки сардори раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш. вохӯрӣ баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С. ҳусни оғоз бахшид ва сухан ба Раҳимзода Ш. дода шуд.

Зимни мулоқот Раҳимзода Ш. баён дошт, ки дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат аз вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллии башариятро баташвишоваранда ёдовар шуданд. Изҳор доштанд, ки мо бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, қайд гардид дар вохӯрӣ.

Инчунин дар вохӯрӣ ҳангоми суханронии худ Раҳимзода Ш. доир ба дастовардҳои 30 соли даврони истиқлол, шукуфоӣ ва нумуи пойтахти азиз – шаҳри Душанбе, фаъолияти илмию варзишӣ ва дастовардҳои ҷавонон қайд намуд.

Дар охири мулоқот масъулини гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди масъулият донишҳои замонавиро аз бар намуда, баҳри рушд ва гулгулшукуфоии кишвари офтобрӯяамон саҳми босазо гузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list