20-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии энергетикҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд” баргузор гардид.
Ҷаласаи пленарии конференсияро Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Исмоилзода М.И., намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни факултети энергетикии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охир ба устодони фаъоли факултети энергетикӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишони Аълочии “Барқи тоҷик” супорида шуд.
Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.