Имрӯз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба истиқболи Соли нави мелодӣ ба донишҷӯёни ятим ва маъюби донишгоҳ кумаки идона кард.
Кумаки молиявиро ба тамоми ятимони кулл ва маъюбоне, ки дар донишгоҳ ҳамчун донишҷӯ таҳсил доранд, аз номи ректор - Давлатзода Қ.Қ. ва раёсати донишгоҳ дар рӯҳияи идона муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим - Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия - Абдулло М.А. супориданд.
Боиси қайд ва ёдоварист, ки ин амали наҷибонаро донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳо анҷом медиҳад ва он ба ҳукми анъана даромадааст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.