549,9 балл - натиҷаи баландтарини довталаб.
Комиссияи қабул - 2020: Балли балантарини довталабони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ муайян гардид.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ натиҷагирии қабули довталабон аз рӯи тақсимоти аввали ММТНПҶТ баргузор гардид. Тибқи натиҷаи қабул нишондиҳандаи балантарини довталабон – 549,9 баллро ташкил медиҳад, ки довталаби равияи 1-4301 – “Энергетикаи” факултети муштараки «Муҳандисӣ-техникӣ"-и Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ» ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ, панҷгонаи ихтисосҳои серталаби Донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 низ муайян гардиданд:
1. 1-4301- Энергетика (ФММТ ДТТ ва ДМТБ) – 549,929 балл;
2. 1-530102 - Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот (ФТИваК) – 539 балл;
3. 1-700201-05 - Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот (ФСваМ) - 484,897 балл;
4. 1-700201 - Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (ФСваМ) – 480 балл;
5. 1-530104-03 - Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ (ФЭ) – 479,991.