Рӯзи 21-уми феврали соли равон бо ташаббуси хадамоти тарбияи донишгоҳ ва махсусан раиси кумитаи занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ - Раҳимова С. дар хобгоҳи №3-и донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ озмуни "Ҷавондухтари ҳунарманд" баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории ин озмун тарғиби тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, суннатҳои бостонӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бунёди фардои оилаҳои солим ва монанди инҳо буда, дар он тамоми ҷавондухтарони донишҷӯйи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Озмун дар ду давр баргузор гардид. Шартҳо барои даври якуми озмун аз реза кардани сабзӣ ва буридани угро, бастани галстук ва дарзмол кардани куртаи мардона, ороиши мӯй ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ иборат буд. Шартҳои даври дуюми озмун бошад, хондани суруди модар - алла, парпеч кардани кӯдак, ҳунари дӯзандагӣ ва бофандагӣ, тайёр кардани хӯриш, ҷавоб ба саволҳои вобастаи оиладорӣ буд.
Боиси қайд ва дастгирист, ки духтарон бо шавқу рағбати беандоза дар даврҳои озмун иштирок намуда, факултетҳои худро намояндагӣ карданд ва ҳунарҳои худро намоиш доданд.
Аъзоёни ҳакамон муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С., сармутахассиси шуъбаи кор бо занони ноҳияи Шоҳмансур - Умарова М. ва сармутахассиси шуъбаи кор бо занони ноҳияи Сино Ҳафизова Г. таъйин гардида, ба ҳар як довталаб баҳои дақиқ ва сазоворро гузоштанд. Натиҷагирӣ ва муайян кардани ғолибони озмун дар арафаи Рӯзи Модар бо тақдими сипоснома ва ифтихорномаҳои донишгоҳ амалӣ хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.