Имрӯз-22-юми феврали соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳ дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбҳои мамнуъ, терроризму экстремизм ва ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи вохӯриро муовини аввали ректори донишгоҳ, муовин оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. кушода эълон намуд. Меҳмонон - намояндагони сохтори қудратӣ - подполковники милитсия Абдуназарзода М. - муовини сардори ШВКД-1-и ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милитсия Саидзода Б. - муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД шаҳри Душанбе, майори милитсия - Муродов Д. - сардори минтақаи маъмурӣ, Абдураҳмонзода А. - муовини роҳбари гурӯҳи "Авангард"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон бо факту далелҳо сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон, гаравиш ба гурӯҳҳои мамнуъ ва дигар амалҳои ношоистаи ба терроризму ифротгароӣ мусоидаткунандаро маҳкум намуданд.
Дар охир бо саволу ҷавоб донишҷӯён ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.