ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 26.02.2022

Имрӯз дар доираи ҳашари умумишаҳрӣ ва корҳои ободонии пойтахт Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба тозаю поксозӣ ва ободонии минтақаҳои худ машғул гардид.

Дар ин чорабинии ободонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷойгиршавии биноҳои донишгоҳ, ҳавлиҳои факултетҳо ва минтақаҳои ба донишгоҳ вобасташуда тозакунии ҷӯйборҳо, рӯбу чини саҳни ҳавлию майдонҳо, нармгардонии зери дарахтон, рангкунии паҳлуроҳҳо ва берун бурдани партовҳо амалӣ гардонида шуданд.

Боиси дастгирист, ки дар чорабинии умумишаҳрӣ устодон ва донишҷӯён бо дилгармӣ ва меҳри беандоза ба ободонии хонаи худ муносибат намуда, ин иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро оиди ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуданд.

Рафти корҳои ободонӣ аз ҷониби ВАО низ ба навор гирифта шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list