МУЛОҚОТИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОН ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ

 12.03.2022

Рӯзи 11-уми марти соли 2022 дар доираи иқдоми якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар факултети нақлиёт мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Асоев Комрон, аъзоёни Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва созмони ҷавонони факултети нақлиёт иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед доир ба мавзӯи мулоқот суханронӣ анҷом доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list