Фохаков Абдурауф Сайдалиевич Сардори раёсати таълим, доктори илмҳои техникӣ, дотсент тел: +(992) 919-58-42-38 e-mail: fohakov68@mail.ru |
Ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани донишҷӯён пеш аз ҳама аз ташкили хуб ва банақшагирию идораи кори таълимӣ-методӣ вобаста аст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ корҳои таълимӣ ва методӣ вазифаи муҳими фаъолияти он ба ҳисоб мерафт. Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили ҷараёни таълим, таҳия ва мунтазам такомул бахшидани нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва асноди таълимӣ-методӣ, мушаххас намудани мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷӯён мебошад, ки маҷмӯи тадбирҳои андешидашударо фаро гирифта, барои омода намудани мутахассисони варзида дар донишгоҳ равона гардидааст.
Сохтори муҳимтарин дар баргузории корҳои таълимӣ-методӣ кафедраҳои донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар нақшаҳои кории кафедраҳо баргузории маҷмӯи чорабиниҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ мегардад. Корҳои методии кафедраҳоро комиссияҳои методии факултетҳо раҳнамоӣ ва назорат мекунанд, ки дар навбати худ кори ин комиссияҳоро Шӯрои таълимию методии донишгоҳ ҳамоҳанг месозад. Шӯрои таълимию методии донишгоҳ ба таҳияи мавод бо забони давлатӣ аҳамияти махсус дода, ҳамасола зиёда аз 150 номгӯйи китобу дастурҳои таълимию методиро ба чоп тавсия медиҳад.
Донишгоҳ пайваста мекӯшад, ки аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат ба роҳ монад. Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ – омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошад. Кормандони раёсати таълими донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намояд.
Вазифаи раёсати таълим ташкил намудани ҷараёни таълим, назорати ҷорӣ аз болои ҳама намуди корҳои таълимӣ, омӯзиш ва ворид намудани таҷрибаи пешқадами раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши мутахассисон, банақшагирии сарбории таълимӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорон, гузаронидани озмуни ҷойҳои холии корӣ, ташкил намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тақсимоти мутахассисони ҷавон ба ҷойҳои кор, банақшагирии чопи китоб ва маводи таълимӣ ва монанди инҳо аст.
Раёсати таълими донишгоҳ фарогири 6 шуъба ва марказҳо – шуъбаи таълим, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, шуъбаи маълумоти дуюми олии касбӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи табъу нашр, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, маркази тестӣ ва бақайдгирӣ мебошад.
Раёсати таълимро солҳои гуногун Одиназода Ҳ.О., Норматов А.Ю., Ғайбуллоева З.Ҳ., Амонзода И.Т., Маҳмадизода М.М., Гадоев С.А., Исмоилов Ф.О., Ҳамроев Ф.М. сарварӣ намуданд. Айни ҳол ин вазифаи пурмасъулро Фохаков А.С. ба уҳда дорад.