ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШГОҲ

 03.06.2021

Донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – Рафиев Некбахтҷон Ҳайдарович дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 аз фанни фалсафа иштирок карда, ҷойи ифтихории 3-юмро ишғол намуд. Ин муваффақияти донишҷӯйи донишгоҳро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба дипломи дараҷаи 3 қадр намуд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ ӯро бо муаваффақияти навбатӣ муборакбод менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку