Ашурзода Ашур Нурулло

Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

тел: +(992) 93-544-33-44

e-mail:
Факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ моҳи ноябри соли 2007 дар заминаи факултети автомобилию роҳсозӣ бо ҳамроҳкунии баъзе аз ихтисосҳои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Моҳи октябри соли 1975 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ дар ҳайати Донишкадаи политехникии Тоҷикистон факултети алоҳидаи автомобилию роҳсозӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №471 аз 1-уми сентябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ”, фармоиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти №79-3/2 аз 18-уми октябри соли 2007 ва таҳти №81-3/2 аз 31-уми октябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” дар базаи факултети автомобилию роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ду факултети равияи нақлиётӣ – факултетҳои нақлиёт ва идора ва сохтмони нақлиётӣ созмон дода шуд, ки баъдтар факултети идора ва сохтмони нақлиётӣ ба факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ табдили ном кард.

Омодасозии муҳандисони равияи роҳсозию нақлиётӣ дар сохторҳои гуногуни Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз соли таъсисёбии донишгоҳ (соли 1956) амалӣ мегардид. Аз рӯйи ихтисоси 1211 – “Роҳҳои автомобилгард ва фурӯдгоҳҳо” омодасозии мутахассисон дар ҳайати факултети “Сохтмон” ҳанӯз соли 1978 оғоз гардидааст. Соли 1962 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон факултети химикию технологӣ таъсис дода шуд ва омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба зиммаи он вогузор карда шуд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони соҳаи роҳсозию нақлиёти автомобилии Тоҷикистон соли 1975 факултети автомобилию роҳсозӣ таъсис дода шуд, ки мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои 1609 – «Автомобил ва хоҷагиҳои автомобили», 1725 – «Иқтисодиёт, ташкил ва идоракунӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ» ва 2910 – «Роҳҳои автомобилгард ва фурӯдгоҳҳо» омода менамуд.

56139768263cbtz_portfolio_1444124520-255_XL

Айни замон дар сохтори факултет 3 кафедраи тахассусӣ – иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ – тарбияи ҷисмонӣ мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои 1-440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ”, 1-440103 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан”, 1-440105-02 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ”, 1-700301-01А – “Сохтмони роҳҳо ва фурӯдгоҳҳо”, 1-700302-04 – “Сохтмони кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ”, 1-370205А – “Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо”, 1-260203-23 – “Логистика”, 1-270101-02А – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ)”, 1-270101-03А – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (хоҷагии роҳ)”, 1-270101-07Б – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти авиатсионӣ)” омода мекунанд.

Инчунин, дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои 1-440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ”, 1-260203-23 – “Логистика” ва 1-700301-01А – “Сохтмони роҳҳо ва фурӯдгоҳҳо” магистрон таҳсил менамоянд.

Декани аввалини факултети навбунёд, ташаббускори ташкили ин факултет аз оғози фаъолият то соли 1993 д.и.и, профессор Ҷумъаев Ҷамоат Ҷумъаевич буданд. Аз соли 1993 факултетро н.и.и., дотсент Сатторов Раҳматулло Сатторович ба уҳда доштанд.

Аз соли 1996 то моҳи декабри соли 2009 факултетро д.и.т., профессор Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович сарварӣ намуданд. Моҳи августи соли 2008 баъди бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамроҳ намудани Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон факултети автомобилию роҳсозӣ ба ду факултет – нақлиёт ва идора ва сохтмони нақлиётӣ ҷудо


Назад к списку

Университет




Кафедры