![]() |
|
Юсуфзода Манучеҳр Юсуф, декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, дотсент тел: +(992) 918-45-60-75 e-mail: manu_1804@mail.ru |
Факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ моҳи сентябри соли 1956 таъсис дода шудааст.
Вобаста ба талабот ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт айни замон дар сохтори факултет 6 кафедраи тахассусӣ, неругоҳҳои электрикӣ, электротаъминкунӣ, ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрӣ ва мошинҳои электрӣ, ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои энергетикӣ, асосҳои назариявии радио ва электротехника, техника ва энергетикаи гармо ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ – физика фаъолият менамоянд.
Дар кафедраҳои зикргардида зинаҳои таҳсилот бакалавр, магистр, доктор PhD, докторантура аз рӯйи ихтисосҳои
Аз рӯзи таъсисёбии факултети энергетикӣ то ба имрӯз беш аз 15000 нафар мутахассисон омода гардидаанд, ки ҳоло дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва берун аз ҷумҳурӣ фаолият карда истодаанд ва боиси ифтихори донишгоҳ ва факултет мебошанд.
Шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет мунтазам зиёд гардида, ҳайати устодон рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои гуногун дифоъ намуданд. Шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет 60% -ро ташкил дода, 3 нафарашон докторони илм, профессорон мебошанд. Дар маҷмуъ ҳайати умумии омӯзгорон ва кормандони факултет зиёда аз 70 нафар мебошад.
Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯёни факултет дар корхонаву муассисаҳои соҳаи энергетика – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи тоҷик», «Маркази барқу гармӣ», «Шабакаҳои барқии марказӣ», «Шабакаҳои барқии ш. Душанбе», НБО Роғӯн, НБО Норак, Бойғозӣ, Силсилаи НБО-и дарёҳои Вахш ва Варзоб, НБО-и Қайроққум, НБО-и Сангтӯда 1,2, МГБ ш. Душанбе, ШБ Ҷанубӣ, ШБ Марказӣ, Ширкати “Помирэнерҷӣ”, ШБ минтақаи Кӯлоб, ШБ Ленинобод, Корхонаи алюминии тоҷик, ҶСК “Семент завод” ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.
Дар факултет коллективи устодону профессорон доир ба ҳадафҳои стратегии мамлакат «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ», «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Ҳифзи амнияти озуқаворӣ» ва «Саноатикунонии босуръати кишвар» корҳои илмию таҳқиқотӣ мебаранд ва саҳми назарраси худро барои рушди соҳаи иқтисодиёт гузоштаистодаанд.
Дар омодакунии мутахассисон ва олимони ҷавон факултет бо Донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия, Қатар ва Ҷумҳурии мардуми Чин алоқаи илмиву амалӣ ва судмандро ба роҳ мондааст.
Корҳои илмии устодони факултет дар маҷаллаҳои соҳавии Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ҷопон, Лаҳистон, Озарбойҷон, Эрон, Узбекистон ва дигар кишварҳо нашр мегардад.
Хатмкардагони факултет, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ айни ҳол кор ва фаолият доранд, ки ин ифтихори факултет мебошанд.
Ҳасанзода Насрулло - вакили маҷлиси намояндагон, Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон - Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Мирзо Иброҳим - раиси шаҳри Ваҳдат, Усмонзода У. – муовини сарвазир, Шофақир, М.И., Убайдулозода Ғ., Мусоева Р.Ғ., Хошмуҳаммедова Р.Ю., Очилов А.К., Аминзода И., Самизода Д., Раҳимова Б.Ф., Шабдолов Ш., Бояков Ғ., Маҳкамов Р., Ёров А., Рабиева Г., Қурбонов Р., Холиқзода М., Самиев Ш.Ҳ., Хоҷаева У.Т., Зоғаков Р.С., Ҷонов Н., Шарипов А., Ғозибеков И., Халилов Ш.М., Мансуров Ҷ.М., Қаюмов Т., Исупов Ф.А. ва дигарон.
Барои маълумоти мухтасар оиди факултет ба http://ef.ttu.tj/tj ворид шавед.
